Лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision»

Adamdar news Таджикистан

Лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision»

Лето 2018

Душанбе, Таджикистан

Ифтитоҳи қабули дархост барои ширкат дар озмуни Лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision»

Дар чорчӯбаи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии симои Тоҷикистон дар хориҷа қабули номзадҳо барои  ширкат дар озмуни Лоиҳаи синамои таҷрибавии «My vision», ки аз 7-уми июл то 1-уми сентябри соли 2018 баргузор мегард, эълон карда мешавад. Ин лоиҳа бо дастгирии Муассисаи Давлатии «Тоҷикфилм», бо дастгирии техникии Сафорати Британия Кабир дар Душанбе ва бо ҳамкори бо Иттифоқи Синамогарони Тоҷикистон тадби мешавад.

Лоиҳа ба самти баланд бардоштани донишҳои касбӣ оид ба синамоофарӣ дар байни тоҷикистониёни синни 18-35 сола, махсусан шахсоне, ки дар соҳаи синамо ва дигар соҳаи ВАО фаъолият мекунанд, инчунин ба таври мусбӣ муаррифӣ кардани симои кишвар тавассути офаридани  филмҳои ҳуҷҷатӣ марбут ба мероси фарҳангии гуногунранг ва инсоншиносии Тоҷикистон равона карда шудааст. 

Тавре ки директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Носир РАХМОН қайд намуд – «Точикистон айни замон ба кинематографияи муосир ниёз дорад ва вазифаи Тоҷикфилм аз он иборат мебошад, ки ҳарчи бештар идеяҳои нав ва фановари дастгири карда шавад то ки обруву эътибори Точикистон дар хоричи кишвар баланд бардошта шавад ва инчунин ба сохаи синамо мутаҳассисон чалб карда шаванд ва кадрхои нав тарбия карда шаванд» 

Ҷаноби Хю ФИЛПОТТ, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон хамчунин иброз доштааст, ки барои у шарафи бузург аст, ки ин лоиҳаро Сафорат дастгири намудааст. “Дар давоми кори худ дар Тоҷикистон, ман бо бисёр ҷавонони лайёқатманд ва боистеъдод шинос шудам, ки бо дастгирии хурд ва рӯҳбаландӣ, метавонанд ба мувафаққиятҳои бузург ноил гарданд. Умедворам, ки ин лоиҳаи хурд ҷавононро дар соҳаи синамосозӣ тайёр менамояд, то ки аз таърихи бойи визуалии Тоҷикистон истифода баранд ва ин мамлакти зеборо ба дунё муаррифи намоянд. Мамлакате, ки манн медонам ва нисбаташ ишқи хоса пайдо намудам», — иброз доштааст ӯ.

Номзадҳо бояд барои баланд бардоштани дониш ба чунин самтҳо аз ҷумлаи коргардонӣ кардани филми ҳуҷҷатӣ, филмноманависӣ, коргардонии овоз, ҳунари операторӣ, танзимгарӣ, васл, ороиши бадеии филм мароқ зоҳир намоянд. Барнома тободули таҷрибаро бо мутахассисони касбии соҳаи синамо аз Тоҷикистон ва коргардонҳои хориҷии филмҳои ҳуҷҷатӣ пешбинӣ мекунад.

Барои ширкат намудан дар лоиҳа пур кардани дархост  ва пешниҳод кардани синопсис оид ба филми ҳуҷҷатӣ,  ки номзад нақшаи дар чорчӯбаи мактаб ба навор гирифтани онро дорад, зарур аст. Афзалият ба дархостҳое дода мешавад, ки онҳо ба ҷанбаҳои гуногуни мероси  фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон равона карда шудаанд ва тавассути онҳо биниши асили муаллиф нишон дода мешавад. Ҳунармандони лоиҳа ба иштирокчиён ҷиҳати мутобиқ намудани лоиҳаҳо ва амалӣ кардани онҳо дар сатҳи касбӣ ёрӣ медиҳанд.

Илова бар омӯзиши коргардонҳо, лоиҳа амалӣ кардани филмҳоро дастгирӣ менамояд ва инчунин кӯмак барои пешрафт пешниҳод менамояд. 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва пур кардани дархост нигаред ба сомонаи.

 

Тамос:

+992 907 709 906 Аниса Сабири, роҳбари  лоиҳа

+992 901 000 318 Исмаил Зибаи, нозири лоиҳа

+992 907 996 664 Парвина Гулямова, продюсери иҷроияи

Нишонаи эл: info@dushanbemyvision

Дар саҳифаи Фейсбук бо мо бошед: @dushanbemyvision

Опубликовано: 1 June, 2018 год